Футболбозони Восеъ — сазовори ҷойи аввал

Май 8, 2014 10:05

Восеъ, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). -Дар ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ аввалин маротиба мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол гузаронида шуд, ки дар он 16 даста дар давоми се рӯз бо ҳам қувваозмоӣ карданд. 
Ба даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои беҳтарин аз ноҳияҳои Кӯлобу  Восеъ ва ду дастаи дигар аз мактабҳои варзишӣ роҳхат гирифтанд. Барои ишғоли ҷойҳои якуму дуюм дастаҳои футболбозони маркази ноҳияи Восеъ ва дастаи мактаби варзишии ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов сабқат намуданд.  Баъди муайян нагардидани ғолиб дар вақти асосӣ ва иловагии бозӣ,  дастаи футболбозони ноҳияи Восеъ дар  иҷрои ҷаримаҳои 11 метра  бартарӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва сарпарастони мусобиқа гардиданд.  
 

Май 8, 2014 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш