Гулчини сурудҳо аз эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Маҳфили назариявӣ-эҷодии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 100-солагии композитори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ 6 май дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода доир гардид. Дар он ректори донишкадаи мазкур Диловар Латипов, мудири кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ Сангалӣ Ҳомидов ва донишҷӯи курси 4-уми факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ Фарзияи Насриддин оид ба саҳми Зиёдулло Шаҳидӣ дар рушди мусиқии касбии тоҷик, эҷодиёти операвӣ ва симфонӣ ва лаҳнҳои мардумӣ дар эҷодиёти вокалии устод сухан ронданд.
Дар қисмати фароғатӣ гулчини консерт аз эҷодиёти З.Шаҳидӣ сурудҳои «Хонаи мо» (шеъри Мирзо Турсунзода), «Пойтахти ман», «Душанбе», «Дилдода шудам», «Шодии дил», «Иди зафар» (шеърҳои Боқӣ Раҳимзода), «Оби равон», «Ранҷида аз ман», «Муҳаббат» (шеърҳои Аминҷон Шукӯҳӣ), «Гулҷаҳон» (шеър ва оҳанги З.Шаҳидӣ) ва дигар оҳангҳои эҷоднамудаи Зиёдулло Шаҳидӣ садо доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






