Гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ бо кор таъмин шуданд
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор аз оғози моҳи май ба масъалаи таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷои кор дар хориҷа кӯшиши бештар ба харҷ дода истодааст.
Бино ба иттилои раёсати ХМ дар вилояти Суғд, аввали моҳи май дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон” 58 нафар муҳоҷири меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафарбар шуд.
Бино ба гуфти сардори гурӯҳи муҳоҷирон А. Қаюмов ҳамаи сафарбаршудагон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд. Дар асоси шартномаи басташуда онҳо ба муҳлати 11 моҳ дар ноҳияи Дмитровскии вилояти Маскав ба корҳои мавсимӣ машғул мешаванд. Аз ҷониби ҶДММ “Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон” ва ширкатҳои кордиҳандаи Федератсияи Русия ба муҳоҷирон сафари бехатар, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо, ҷои хобу истироҳат ва маоши хуб кафолат дода шудааст. Расмикунонии ҳуҷҷатҳои онҳоро субъекти хоҷагидор пурра ба зиммаи худ гирифтааст.
Қабл аз сафари гурӯҳи муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар Суғд бо онҳо вохӯрданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






