Идрорпулии раиси вилояти Суғд ба 26 нафар
Душанбе,12.05.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 21 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъди гузаштан аз се даври озмун, чун гирандагони идрорпулии раиси вилоят муайян гардиданд. Ҳамчунин як нафар магистрант ва 4 нафар аспиранти ин донишгоҳ ба чунин идрорпулӣ дастёб шуданд. Дар дунболи ин 10 нафар донишҷӯи ин донишгоҳ аз раиси шаҳри Хуҷанд ва 7 нафар аз раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гирифтани идрорпулӣ, дар даври ниҳоии озмун ғолиб баромадаанд.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, тибқи қарори раиси вилояти Суғд дар соли хониши 2013-2014 барои донишҷӯёну аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят идрорпулиҳо таъсис шуда, тибқи муқаррарот донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки аз фанҳои таълимӣ 75 фоиз баҳои аъло доранд, аз тариқи ғолибият дар озмун метавонанд идрорпулиҳои раиси вилоятро дарёфт намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли хониши 2013 — 2014 барои донишҷӯён ва аспирантон 100 адад идрорпулӣ муқаррар шудааст. Як идрорпулии раиси вилоят барои аспирантон 1000 сомонӣ ва барои донишҷӯён 800 сомонӣ муайян шудааст, ки ҳамагӣ як маротиба дода мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






