«Иштибоҳ» ӯро водор месозад, ки худкушӣ намояд
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Иштибоҳ» -намоишномаи фоҷиавӣ аз рӯйи асари нависандаи шаҳири Фаронса Албер Камю аст, ки рӯи саҳнаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омад. Коргардони намоишнома ҳунарманди шинохта Нозим Меликов мебошад.
«Иштибоҳ» фоҷиаест, ки дар он зан қотил аст ва лаззати куштор он қадар чашмашро хира намуда, ки фарзанди худро намешиносад ва ӯро ба марг ҳукм мекунад. Танҳо дар охирин лаҳза мефаҳмад, ки писарашро куштааст ва дарки ин иштибоҳ ӯро водор месозад, ки худкушӣ намояд ва ин пандест дар шинохти инсонияту воқеияти рӯзгор.
Нақшҳоро ҳунармандон Раҷабгул Қосимова, Моҳпайкар Ёрова, Сӯҳроб Ҷанҷолов, Қамариддин Мирзоев, Абдулмуъмин Шарифов, Парвина Боҳирова, Нигора Ҳилолова ва Шогун Давлатбекова хеле ҷаззоб офаридаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






