Иштирок дар бозиҳои байналмилалии Делфӣ
Душанбе, 08.05.2014. (НИАТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Рӯзҳои 2-7 майи соли 2014 дар шаҳри Волгогради Федератсияи Русия бозиҳои аврупоии Делфӣ таҳти шиори «Фарҳанг- омили рушд» баргузор гардид.
Дар он иштирокдорон аз рӯйи 17 номгӯй, аз ҷумла фортепиано, скрипка, санъати тасвирӣ, баян/аккордеон, саксофон, овозхонии академӣ, овозхонии мардумӣ, овозхонии эстрадӣ, рақси халқӣ, рақси муосир, расмгирӣ, санъати таббохӣ, дизайни либос, ди-джей, сирк, асбобҳои мусиқии халқӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ қувваозмоӣ намуданд.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанги кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чорабиниҳои бозиҳои байналмилалии Делфӣ, ки наврасони аз 14 то 19-соларо фаро мегирад, муҳассили Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Салимов Ч.К., хонандагони мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З.Шаҳидӣ Зебунисо Мирова, Баҳромзода Асрина ва Фаёз Холов бо роҳбарии устодони худ Макиевская В.В., Ғуломҳайдаров Г.Г. ва Латипова В.Д. қувва озмуданд.
Бояд зикр намуд, ки ба ҳайати ҳакамони бозиҳои байналмилалии Делфӣ Шӯҳрат Ашӯров — композитор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шомил буд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






