Иштироки 11 донишҷӯ дар «Ҳафтаи худидоракунӣ»
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Аз 12 то 17 май 11 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳафтаи идораи мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирок доранд.
Тавре, ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, ин тадбир тибқи қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ва шиносоии донишҷӯён бо низоми давлатдориву идора, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва таъмин намудани эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ бо кадрҳои баландихтисос, ташкили захираи кадрҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида мешавад.
Ин манбаъ афзуд, ки интихоби донишҷӯён дар ҳафтаи худидоракунӣ аз тариқи озмун сурат гирифта, даври аввали озмун дар факултаҳо, даври дуюм дар Раёсати донишгоҳ ва даври сеюм аз ҷониби ҳайати комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз тариқи суҳбат бо муайян намудани сатҳи дониши тахассусӣ , сиёсӣ ва ҳуқуқӣ , донистани забонҳои хориҷӣ , бурдани корҳои илмӣ -тадқиқотӣ, чопи маводи илмӣ сурат мегирад. Аз байни наздик 40 нафар довталаби даври дуюм 11 нафар интихоб гардид.
Донишҷӯён дар ҳафтаи худидоракунӣ баъди гузаштани машғулиятҳои омӯзишӣ ва шиносоӣ бо роҳбарони сохторҳо давоми 6 рӯз имконият пайдо мекунанд, ки дар ин ё он вазифа кору фаъолият баран два дар раванди ҳалли яке аз масъалаҳо мустақилона иштирок намояд. Донишҷӯён дар вазифаҳои мудири шуъба, сардори идора ва то муовини раиси вилоят кор мекунанд. Баъди ҳафтаи худидоракунӣ ба онҳо «Гувоҳномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






