Истироҳату табобат дар «Харангон»

Май 13, 2014 15:38

Варзоб, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Алҳол 80 нафар  собиқадорони ҷангу меҳнат дар осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб истироҳату табобат доранд. Осоишгоҳи мазкур мавсимӣ буда, дорои тамоми шароитҳои мусоиди шифоёбӣ ва табобат аст. Ҳамасола дар осоишгоҳи мазкур 450-500 нафар собиқадори ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернационалист сиҳатии хешро барқарор карда, аз хизмати хуби кормандони осоишгоҳ ва табиати зебою дилфиреби Варзоб баҳраманд мешаванд.
  Осоишгоҳи «Харангон» ба ифтихори 60-солагии рӯзи Ғалабаи Артиши Шӯравӣ бар фашизм 6 майи соли 2005 ба фаъолият шурӯъ карда буд.
 
 

Май 13, 2014 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш