Конфронс бахшида ба 100-солагии З.Шаҳидӣ
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Ба ифтихори таҷлили 100-солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ дирӯз дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» бо иштироки намояндагони аҳли ҷамоат ва муассисаҳои таълимию фарҳангӣ конфронс баргузор гардид. Дар конфронс маърӯзаҳои илмии устодону шогирдон дар мавзӯи «Зиёдулло Шаҳидӣ — композитор», «Зиёдулло Шаҳидӣ мусиқишинос ва мураббӣ», «Эҷодиёти камеравию вокалии Зиёдулло Шаҳидӣ», «Эҷодиёти операвии Зиёдулло Шаҳидӣ» пешниҳод гардиданд. Инчунин дар муассиса гӯшаи махсус таъсис дода шуд, ки ба ҳаёт ва фаъолияти оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шудааст.
Дар ҷамъомад порчаҳо аз филмҳое, ки ба ҳаёти Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шуда буданд, намоиш дода шуданд.
Инчунин дар ин рӯз дар Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев бахшида ба 100-солагии композитори маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Баъди бахши назарияи мусиқӣ, ки ба ҳаёт ва фаъолият, сурудҳои офарида, мусиқии камеравӣ ва операҳои Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шуданд, барномаи консертӣ доир гашт. Дар барномаи консертӣ асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ «Алла», «Дорад ҳавас», «Муҳаббат», «Ситораи ман», «Дар лаби обе», «Хонаи мо», «Офарин» дар иҷрои хонандагони мактаб таҳти сарварии устодони ҳунар садо доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






