Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ба муносибати 69-умин солгарди Иди Ғалаба дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ баргузор гардид.
Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар нишаст муовини ректори донишгоҳ Абдулфаттоҳ Раҳимов афзуд, ки 9-уми майи соли 1945 дар хотири мардуми сулҳпарвару озодихоҳи тоҷик ҳамчун натиҷаи корнамоиҳои беназир ҳам дар ҷабҳаи набард ва ҳам дар ақибгоҳ арзёбӣ мегардад, зеро хурду бузурги кишвар ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирӯзӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монандеро нишон доданд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки он қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла хуҷандиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи Ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза вақте ки онҳоро варақгардон мекунад, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд дарси садоқату вафодорӣ меомӯзад.
Дар анҷоми конфронс ба як гурӯҳ собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






