Корти теннис- туҳфа ба варзишгарони Суғд
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳраки Ғафуров ба фаъолияти корти теннис ҳусни ифтитоҳ бахшид. Толори мазкур аз ҷониби ҶДММ «Абдурашид» бунёд ёфта, барои рушди ин намуди варзиш дар вилоят мусоидат хоҳад кард. Сохтмони ин иншоот охирҳои соли гузашта оғоз ёфта, бо харҷи 1,5 милион сомонӣ қомат афрохтааст.
Зимни мулоқот бо варзишгарон ва сокинони шаҳраки Ғафуров раиси вилоят таъкид дошт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба рушди ҳама намудҳои варзиш ва дастгирии варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои машқу тамрини онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






