Марафони дав аз Хоруғ то Душанбе
Душанбе, 12.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати 10 нафараи ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои якдилии ҷавонони минтиқаҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба Парчами миллӣ 10 май аз шаҳри Хоруғ марафони давро оғоз намуданд.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мутобиқи нақша иштирокчиёни марафон тибқи хатсайри Хоруғ-Шуғнон-Рӯшон-Ванҷ-Дарвоз-Шӯрообод-Кӯлоб-Восеъ-Данғара-Норак-Файзобод-Ваҳдат-Душанбе дар муҳлати 8 шабонарӯз ба пойтахт расида, Парчами миллиро ба иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе месупоранд.
Имрӯз марафончиён аз самти ноҳияи Ванҷ ба ноҳияи Дарвоз равон шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






