«Марзбони Ватан» -туҳфа ба сарҳадбонони Ватан
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -«Марзбони Ватан»- таҳти чунин унвон маҷаллаи идона ва як китоби хонданӣ иборат аз ашъори шоирони муосири тоҷик, инчунин, сарбозону афсарони соҳибқалами Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ омодаи нашр аст. Муҳаббат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он, корнамоиҳои сарбозону афсарони шуҷои қӯшунҳои сарҳадӣ мавзӯъҳои умдаи ин маҷмӯа хоҳанд буд.Дар назар аст, ки дар арафаи ин ҷашни таърихӣ Осорхонаи қӯшунҳои сарҳадӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи май 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






