Машваратҳои сиёсии байни ВКХ Тоҷикистон ва Ҳиндустон
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар). – Ҷанде пеш дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардиданд. Роҳбарии ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳ ба ӯҳда доштанд.
Тавре ки аз ВКХ ҶТ хабар доданд, мутобиқи рӯзномаи машваратҳои сиёсӣ масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои мухталиф, ҳамкории ҳар ду кишвар дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, перомуни масоили минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор баргузор гардид.
Ҷонибҳо аҳд карданд, ки даври минбаъдаи машваратҳои сиёсӣ соли оянда дар шаҳри Деҳлӣ доир карда шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






