Машварати омӯзишӣ дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Хадамоти муҳоҷират, коршиносони байналмилалии муҳоҷират ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар самти муҳоҷират машварати омӯзишӣ доир гардид.
Парвиз Ҳакимов, мушовири байналмилалӣ барномаи лоиҳаро муаррифӣ намуд. Елманова Татьяна Викторовна мушовири байналмилалии Лоиҳа оид ба низоми мониторинг ва баҳодиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани низоми назорати равандҳои муҳоҷират сухан гуфт. Масъалаҳои «Иттилоотонии Хадамоти муҳоҷират ҳамчун омили рушди босубот», «Тавсияҳо оид ба стратегияи коммуникатсионии Хадамоти муҳоҷират», «Дастур оид ба ташкил ва гузаронидани тренингҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ» муҳокима гардиданд.
Байни иштирокчиёни машварат саволу ҷавоб сурат гирифта, ба кормандони хадамоти муҳоҷират ҷиҳати ба роҳ мондани корти муҳоҷират ва гузаронидани тренингҳо дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавсияҳо дода шуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






