Масъулини шаҳрдорӣ ба аёдати собиқадорони ҶБВ мераванд

Май 8, 2014 15:59

Душанбе, 8.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе дар рӯзи ҷашни Ғалаба ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, 900 сомонигӣ кумаки молиявӣ мерасонад. Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси шаҳри Душанбе зимни баргузории ҷаласа муовинон ва раисони ноҳияҳои пойтахтро муваззаф намудааст, ки дар Рӯзи ҷашни Ғалаба, ки фардо, 9 май таҷлил мегардад, ба аёдати шахсии 116 нафар иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ рафта, кумаки  молиявии шаҳрдориро супоранд.
Инчунин раиси шаҳр аз аҳли ҷаласа даъват намудааст, ки нисбат ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ пайваста ғамхорӣ намуда, нисбат ба корнамоию мардонагии онҳо арҷгузор бошанд.

Май 8, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад