Мавсими лигаи якум оғоз меёбад
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар). – 15 май мавсими нави мусобиқоти Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум оид ба футбол оғоз меёбад. Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ин мусобиқот, чун соли гузашта дар минтақаҳои Душанбе ва Суғд баргузор гардида, даври аввали он аз рӯи нақшаи маъмулии дудаврӣ сурат мегирад. Дар даври аввали минтақаи Душанбе даҳ даста, аз қабили «Панҷшер» — и Ҷалолиддини Румӣ, «Куктош» — и Рӯдакӣ, «Нури Норак» — и Норак, «Саройкамар» — и Панҷ, «Бохтар» — и Бохтар, «Хулбук» — и Восеъ, «Пахтакор» — и Қубодиён, «Чашма» — и Шаҳритус», «Ҳосилот» — и Фархор ва «Локомотив» — и Душанбе қувваозмоӣ менамоянд. Бозиҳои даври аввал рӯзи ҷумъаи 16 май баргузор мешаванд.Дар мусобиқоти минтақаи Суғд 12 даста, яъне «Ҷавонӣ» — и Ҷаббор Расулов, «Спитамен» — и Спитамен, «Шаҳристон» — и Шаҳристон, «МТИ» — и Хуҷанд, «Зарафшон» — и Панҷакент, «Мастчоҳ» -и Мастчоҳ, «Эсхата» — и Хуҷанд, «Қайроққум» — и Қайроққум, «Қанд» — и Конибодом, «Сайҳун» — и Бобоҷон Ғафуров, «Исфара» — и Исфара, «Ваҳдат» и — Ашт иштирок менамоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






