Мизи мудаввар бахшида ба зодрӯзи Абдураҳмони Ҷомӣ

Май 14, 2014 11:53

Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар, Анна Мошенко). – Дар ҳошияи Ҳафтаи филология 13 май дар Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон бахшида ба 600 – солагии зодрӯзи классики адабиёти форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ мизи мудаввар баргузор гардид.Декани факултаи филология Рустам Салимов зимни сарсуханаш зикр намуд, ки Абдураҳмони Ҷомӣ чун Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдулло Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҳофиз ва Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи шоирони бузургест, ки онҳоро метавон ба таври ҳаққонӣ шоирони тамоми башарият донист. Вақтҳои охир дар кишвар ба адабиёти классикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, илова намуд Рустам Салимов.Сипас омӯзгори донишгоҳ Леонид Чигрин дар мавзӯи «Абдураҳмони Ҷомӣ — сарвари маънавии илму адабиёти Мовароуннаҳр ва Афғонистон дар қарни ХУ» маърӯза кард. «Ҷомӣ шогирдони зиёде дошт, ки Алишер Навоии бузург низ аз ҷумлаи онҳост. Меъморон, олимон, нависандагони бисёр кишварҳои дигар меҳмони ӯ мешуданд. Абдураҳмони Ҷомӣ муборизи зидди беадолатии мансабдорон ва ҷонибдори коҳиш додани андозҳои мардуми оддӣ буд», гуфт маърӯзачӣ.

Май 14, 2014 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!