Муқовимати чоргона бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Маскав ҷаласаи панҷуми «Чаҳоргонаи зиддимухаддиротии Осиёи Марказӣ» (ЧОМ) оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки тибқи қарори сарони давлатҳои Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон соли 2010 таъсис ёфт, баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҷаласа директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров намояндагӣ мекунад.
Р. Назаров оид ба вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон ва минтақа ва роҳҳои инкишофи ҳамкориҳо байни идораҳои зиддимухаддиротии ЧОМ маърӯза мекунад.
Дар ҷаласа инчунин сарони идораҳои зиддимухаддиротии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ширкат меварзанд.
Ҳамчунин 15 май дар шаҳри Маскав вохӯрии вазироне, ки бо маводи мухаддир мубориза мебаранд, баргузор мегардад, ки дар кори он директори агентӣ ширкат ва маърӯза менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






