Муҳоҷирони меҳнатиро касби муносиб мебояд
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ, бо мақсади омӯзиши вазъи бозори меҳнати имрӯзаи Федератсияи Русия, ки дар он 95% муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корӣ менамоянд, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия зиёда аз 3000 номгӯи касбу ихтисоси коргариро, ки дар бозори меҳнати ин кишвар ба он ниёз доранд, дастрас карда, унвонии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд. Дар асоси он “Таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия шуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҳамзамон Хадамоти муҳоҷират бо мақсади истифода дар кори хизматӣ ва ба роҳ мондани омӯзиши касбҳои ҳозиразамони коргарӣ дар асоси таснифоти мазкур нусхаи онро ба литсейҳои касбӣ-техникӣ ва марказҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






