Муҳокимаи амнияти минтақа аз ҷониби 14 давлат
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ин лаҳзаҳо дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалии «Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини амнияти минтақа: масъала ва дурнамо» ҷараён дорад.
Дар кори конфронс олимон ва коршиносони кишварҳои аъзои созмон-Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кишварҳои нозири созмон-Афғонистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Покистон, Эрон ва шарикони муколамаи Созмон-Беларус, Туркия ва Шри-Ланка иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназар оғоз кард. Дар ифтитоҳи расмии кори конфронс сухани табрикотии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни конфронс садо дод, ки онро ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода қироат намуд. Ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои созмон бо суханронии кӯтоҳ иштирокчиёнро шодбош гуфаанд.
Дар қисми якуми бахши аввали конфронс таҳти унвони «Созмони Ҳамкории Шанхай ва масъалаҳои амнияти минтақавӣ баъди соли 2014» оғоз гардид, ки дар он суханронӣ ва мубодилаи афкори намояндагони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Шри-Ланка, масъулини дафтари Маркази минтақавии зиддитерористии СҲШ ва СПАД оид ба мушкилоти таъмини амнияти минтақавӣ, ҷойгоҳи СҲШ дар ин раванд ва масъалаҳои таҳкими суботу амнияти давлатҳои аъзо ва кишварҳои нозиру шарики муколама мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Конфронс ду рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






