Муҳокимаи масоили идораи маблағҳои давлатӣ
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – Бо ибтикори котиботи Шӯрои идораи маблағҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки мададгорон охири хафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти навбатӣ аз рӯи масоили идораи маблағҳои давлатӣ баргузор гардид.
Мулоқот таҳти раёсати роҳбари котиботи Шӯрои идораи маблағҳои давлатӣ, муовини вазири молияи ҶТ Шавкат Соҳибов сурат гирифт.
Мулоқот ба вусъати татбиқи Нақшаи фаъолиятҳои Стратегияи идораи маблағҳои давлатӣ барои солҳои 2012 – 2014 тайи семоҳаи аввали соли 2014 бахшида шуда буд. Мушовири байналмилалии котиботи Шӯрои идораи маблағҳои давлатии Вазорати молия Майкл Пэрри дар бораи ҷараёни татбиқи Нақшаи фаъолиятҳои Стратегияи идораи маблағҳои давлатӣ барои солҳои 2012 – 2014 тайи семоҳаи аввали соли 2014 гузориш дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






