Муҳокимаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Вазорати федералии корҳои дохилии Олмон вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Холгер Грен, сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Вазорати федералии корҳои дохилии ин кишвар доктор Свен Бергер, референти шуъбаи мазкур Юдит Шенкел ва аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ роҳбарияти раёсатҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, кофтукови ҷиноӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва БММ «Интерпол» иштирок намуданд.
Тарафҳо лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амниятро мавриди муҳокима қарор доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






