Муаррифии тарҳи GSP ба ниҳодҳои давлатӣ ва хусусии кишвар

Май 15, 2014 10:38

Душанбе, 15.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Барои нахустин бор, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон бо тарҳҳои Иттиҳоди Аврупо доир ба Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences — GSP) ва манфиатҳои эҳтимолие, ки соҳаҳои муайяни иқтисоди Тоҷикистон метавонад аз ин низом бардорад, шинос шуданд.
Тавре ки дар ин бора аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) хабар доданд, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ баргузор гардид. Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences — GSP) — низоми имтиёзҳои чандҷонибаи тиҷоратӣ мебошад, ки таъруфаҳоро барои баъзе аз маҳсулоти содиротӣ аз кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои камрушдкарда коҳиш медиҳад ва ё умуман аз миён мебардорад. 
Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байналмилалӣ, ки дирӯз низоми умумии имтиёзҳоро дар шаҳри Душанбе муаррифӣ кард, мегӯяд: “Ҳадаф аз роҳандозии ин низом баланд бардоштани ҳаҷми даромад аз содирот дар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, то ба ин васила дар коҳиши фақр, пешбурди рушди пойдор ва мудирияти беҳтар дар сатҳи ҳукумат саҳм гузошта шавад. Фарзияи феълии низоми мазкур сар аз якуми январи соли 2014 дар амал аст. Таваҷҷуҳи асосӣ дар низоми нав ба сатмҳои зерин равона шудааст: имтиёзҳои таъруфавӣ барои кишварҳои ниёзманд, тақвияти GSP+ ба ҳайси як василаи дастгирии ҳамкороне, ки тасмим доранд, паймонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи коргарро риоя бикунанд, саҳмгузорӣ дар рушди пойдору мудирияти беҳтар ва таъмини шаффофияту бештар гардонидани имкониятҳои пешгӯӣ барои ширкатҳо”.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 15, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд