Муаррифии вилояти Тамбов дар Душанбе
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – 13 ва 14 май Намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон якҷоя бо Маркази илму фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин намояндагони Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Тамбов ва роҳбарони маъмуриятҳои ноҳияҳо имконоти иҷтимоию иқтисодии вилояти Тамбови Федератсияи Русия барои ҳамватанони сокини Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора аз Намояндагии Ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Хотирнишон месозем, ки вилояти Тамбов ниҳоди Федератсияи Русия буда, ба ҳайати Округи марказии федералӣ шомил аст. Шаҳри Тамбов маркази маъмурӣ ба шумор меравад. Вилояти Тамбов 27 сентябри соли 1937 таъсис ёфта, 22 июни соли 1967 бо ордени Ленин мукофотонида шуда буд.
Вилояти Тамбов бо вилоятҳои Рязан, Пенза, Саратов, Воронеж ва Липетск ҳамсарҳад аст.
Вилояти Тамбов дар хамгашти роҳҳои нақлиётию бандарӣ мавқеи қулайи ҷуғрофӣ ва вазъияти мусоиди экологиро дошта, аз захираҳои табиӣ ва шароити иқлими минтақаи миёнаи Русия бархӯрдор аст, ки ин ба рушди фаъолияти хоҷагии он мусоидат мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






