Мулоқоти Э. Раҳмон бо Котиби корҳои хориҷии ВКХ Ҳиндустон
Душанбе, 7.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби корҳои хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Суҷатҳа Сингҳро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.Суҷатҳа Сингҳ салому паёми гарму самимии Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро расонда, аз ҷумла изҳор дошт: “Сафари давлатии Шумо ба Ҳиндустон, ки моҳи сентябри соли 2012 ҷараён гирифта буд, боиси ба сатҳи хеле боло бардошта шудани муносиботи ду кишвар гардид”.Доир ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкорӣ, ки миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расидаанд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму фарҳанг, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.Ба гуфти Суҷатҳа Сингҳ, Ҳиндустон омода аст, ки минбаъд низ дар татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва зербинои нақлиётӣ саҳми намоён дошта бошад.Ҳамчунин доир ба масоили умдаи минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯй сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






