Мулоқоти роҳбари ВКХ Тоҷикистон бо намояндаи нави СММ
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар). – 7 май вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов роҳбари навтаъйини Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Алленро ба ҳузур пазируфт.Назар ба хабари ВКХ ҶТ, Кевин Аллен дар ҷараёни мулоқот эътиборномаҳоро ба вазири корҳои хориҷӣ супурда, омодагии худро ба расидан ба мақсадҳои ояндаи Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба умури гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ дар навбати худ ҷаноби Кевин Алленро бинобар таъйиноти наваш муборакбод карда, саҳми Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ – ро дар таъмини ҳифзи гурезаҳо дар Тоҷикистон ва ба онҳо расонидани кӯмак қайд намуда, ба мавсуф дар фаъолияти минбаъдааш комрониҳо орзу кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






