Муносибатҳои Тоҷикистону Шветсия ба нафъи ду кишвар

Май 15, 2014 11:02

Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз  мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Акке Петерсон барпо гардид.
Зимни вохӯрӣ тарафҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Шветсия табодули назар намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки барои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Шветсия имкониятҳо ҳастанд ва онҳо бояд ба нафъи ду кишвар истифода шаванд.
 

Май 15, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш