Музокироти гурӯҳҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 14.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Рўзҳои 12-13- уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии машваратии гурӯҳҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ баргузор шуд.Ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳо муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистонро ноиби нахуствазир Абдураҳмон Маматалиев роҳбарӣ намуданд.Дар ҷаласаи навбатии гурўҳҳои ҳукуматӣ ҷараёни муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ, истифодаи чарогоҳҳои тобистона, маҷмӯи масоили марзӣ, аз ҷумла масоили сохтмони роҳҳои нақлиётгарди Исфара-Ворух ва Куктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиш мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин масъала ҳарду ҷониб пешниҳодоти гурӯҳҳои кориро дар хусуси нақшаи сохтмони роҳҳои мошингард дар масири Исфара — Ворух ва Куктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиш маъқул дониста, вазоратҳои нақлиёти ҳар ду давлатро вазифадор намуданд, ки дар муҳлати ду ҳафта мувофиқагардонии лоиҳаи гузариши ин роҳҳоро анҷом дода, ба комиссияи муштараки байниҳукуматӣ пешниҳодоти мушахас манзур намоянд. Дар музокирот ҷонибҳо ҳамзамон доир ба ҳодисае, ки рӯзи 07 — уми майи соли равон ба вуқўъ пайваст, нуқтаи назари хешро баён дошта, аз он изҳори нигаронӣ намуданд. Дар робита ба ин ҳайатҳои ҳукуматӣ қарор доданд, ки ҷараёни корҳои фаврӣ- тафтишотиро пурзӯр намуда, барои муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорони ин ҳодиса ва ҷуброни хисороти воридгардида тадбирандешӣ намоянд. Роҳбарони ҳайатҳо зарурати дар оянда пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳамин гуна ихтилофотро таъкид карда, дар анҷом оид ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатӣ қарори дахлдор қабул намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






