Н. Зоиров: «Шоҳнома» ба пиру барнои тоҷик ошност»
Душанбе, 14.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар шаҳри Тойибоди устони Хуросони Разавии Эрон дуюмин ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон ва шоҳномапажӯҳони шинохта — доктор Аббоси Хайрободӣ, доктор Фарзин, доктор Мавдудӣ — баргузор гардид.
Назрихон Зоиров — мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон дар ин ҳамоиш ширкат намуда, гуфт ки: «Шоҳнома» асари оламшумули форсӣ дар ҷаҳон аст ва дар Тоҷикистон пиру барно бо он ошноанд. Дар кишвари мо, — афзуд Н. Зоиров,- қадри «Шоҳнома» ва гӯяндаи онро медонанду аҷргузорӣ менамоянд. Фиристодаи Тоҷикистон афзуд, ки муҷассамаи Фирдавсӣ дар пойтахти Тоҷикистон гузошта шуда, Китобхонаи бузург ва ноҳияе дар Душанбе номи ин нобиғаи бузургро дорад. Аз рӯи достонҳои безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар замони Шӯравӣ чандин филмҳои ҷолибу диданӣ дар Тоҷикистон рӯи навор оварда шуданд. Ҳамчунин маҳфилҳои шоҳномахонӣ ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор гардида, «Шоҳнома» ваҷҳи муштараки мо — мардумони форсизабон аст ва ҳаммонанди ин шоҳкор дар адабиёти ҷаҳонӣ дида намешавад, таъкид кард Фиристодаи Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш ҳамзамон гӯшае бо Парчами давлатии Тоҷикистон ва нашрҳои гуногуни «Шоҳнома» ва осори пажӯҳишии марбут ба ин ҳамосаи беназир ба намоиш гузошта шуданд. Инчунин филми мустанад доир ба Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд, ки он барои муаррифии Тоҷикистон ва тақвияти равобити мутақобилан судманди ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ҳамоиши мазкур бо иқдоми «Бунёди Фирдавсии Тӯс» доир шуд ва Солеҳи Мусавиён — тарроҳ ва муҷассамасози эронӣ нимпайкараи Ҳакими Тӯсиро ба Сафорати Тоҷикистон тақдим намуд.8.45.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






