Нақши эҷодиёти Ниёзӣ дар таҳкими дӯстӣ
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бахшида ба 100- солагии нависандаи халқии Тоҷикистон устод Фотеҳ Ниёзӣ дар Маркази вилоятии матбуоти шаҳри Самарқанд бо иштироки аҳли илму адаб маҳфили пуршукӯҳ баргузор гардид.
Маҳфили фарҳангиро муҳаррири рӯзномаҳои вилоятии русиву ӯзбекии «Самарқанд овози», узви палатаи болоии парлумони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фармон Тошев ифтитоҳ бахшида, перомуни нақши эҷодиёти Ниёзӣ дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек сухан гуфт.
Профессор Аслиддин Қамарзода, муҳаррири рӯзномаи «Садои Самарқанд» Озод Хидиров, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар, адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов роҷеъ ба шахсияти иҷтимоӣ ва эҷодии устод Фотеҳ Ниёзӣ ибрози назар карданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






