Нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону АМА

Май 13, 2014 15:06

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим 11 майи соли ҷорӣ барои иштирок дар ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба шаҳри Абу Забии Амороти Муттаҳидаи Араб сафар намуд.
Аз маркази матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сафари ин ҳайат то 15 май идома карда, дар назар аст, ки дар доираи ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисодиёт, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф ва илм, туризм, фарҳанг ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои ҳасана миёни Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб тайи солҳои охир, бахусус баъди сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар моҳи апрели соли 2007 беш аз пеш вусъати тоза пайдо карда, дар ин самт пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар ин сафар панҷ шартномаи бағоят муҳим, аз ҷумла оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расида буд.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар доираи сафари мазкур  вохӯриҳои Қодири Қосим бо доираҳои сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб ба нақша гирифта шудаанд.

Май 13, 2014 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад