Намояндагии ҶТ дар ФР мушкилоти муҳоҷиронро осон кард
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). – Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР қарзи маоши гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл пардохта шуд.Тавре ки аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар доданд, сокини ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд Мусулмонов Холмуъмин зимни аризааш хоҳиш карда буд, ки масъалаи пардохти маоши гурӯҳи бинокорон ҳал шавад. Мувофиқи суханони мавсуф, гурӯҳи сохтмончиён дар як зумра иншоотҳои сохтмонии шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловск корҳои сохтмониро ба ҷо оварда, вале маошашон пурра пардохта нашудааст.Баъди суҳбати корманди намояндагӣ бо роҳбарияти ширкати сохтмонӣ ин масъала ба таври мусбат ҳал шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






