Наваскарон қасам ёд карданд
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба қисми низомии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) омада, наваскаронро ба муносибати қабули Савганди ҳарбӣ табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки роҳбарияти ВКД кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми шароити хубро барои хизмат муҳайё намояд. Ин қисми ҳарбӣ — қисми махсус буда, сарбозон метавонанд баъди адои хизмат, дар оянда ҳамчун милитсионер дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намоянд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро пас аз маросими қасамёдкунӣ аз нуқтаи тиббии қисми ҳарбии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ки нав сохта шудааст, дидан намуд.
Вазири корҳои дохилӣ аз осоишгоҳи «Садбарг»-и ВКД, ки дар дараи хушманзара ва хушобуҳавои Ромит ҷойгир аст, дидан намуд. Дар айни замон дар ин мавзеъ корҳои ободонӣ ва таъмиру тармим идома дорад. Мавсуф ба хотири боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ, ҷойи будубош, ошхона, майдони варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва дигар иншоотҳо, ки барои истироҳату фароғати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва шаҳрвандон пешбинӣ гардидаанд, дастуру супориш дод.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






