Нигоҳдошти саломатии насли наврас аз таъсири маводи нашъадор
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он 40 нафар зани фаъол иштирок кард. Мизи мудаввар бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои нигоҳдории саломатии насли наврас, эмин доштани онҳо аз хатари истеъмоли маводи нашъадор баррасӣ гардиданд. Дар мизи мудаввар ҳамчунин намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Кормандони агентӣ оид ба вазъи вобаста бо маводи нашъаовар, оқибатҳои фоҷиаовари истеъмоли маводи нашъадор, омилҳои номатлуби даст задан ба истеъмоли нашъа, сироятшавӣ бо вирусҳои ВНМО (СПИД), Гепатити С, содир намудани ҷиноят аз тарафи занон суҳбат гузарониданд. Ҳадафи дигари ин вохӯрӣ баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» буд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






