Ню Дун: «Мо бояд дӯстони ҳақиқӣ бошем»

Май 14, 2014 14:59

Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 2-юми ҳамкориҳои Тоҷикистон Чин дар соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳайати гурӯҳи кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини вазири кишоварзии ин кишвар Ню Дун иштирок намуд. Қосими Роҳбар- вазири кишоварзии ҶТ ҳайати чиниро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалиятҳои волои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Тоҷикистон бо Чин дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ низ солҳои тулонӣ ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкориҳо сол то сол вусъат меёбанд. Ӯ ҳамчунин ба ҷониби Чин барои ворид намудани техникаи муосири чинӣ ба Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки дар айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургу хурд дар рушди хоҷагии кишоварзӣ амалӣ гашта истодаанд ва аз самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.Ню Дун дар навбати худ изҳор намуд, ки: «Мо бояд дӯстони ҳақиқӣ бошем ва ҳамаи лоиҳаҳои муштаракамонро амалӣ намоем. Мо на танҳо ба миқдор, балки ба сифати иҷрои ин лоиҳаҳо диққати ҷиддӣ медиҳем. Мо ният дорем, ки шумораи корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чинро дар тамоми қаламрави ин кишвар зиёд намоем». Ню Дун ҳавасмандии кишварашро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумори кишоварзӣ таъкид намуда, изҳори умед кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ барои фаъолияти корхонаҳои чинӣ шароити муносиб фароҳам меорад. Аз рушди ҳамкории кишоварзӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи растанипарварӣ, таъсиси гармхонаҳои муосир ва доимиро барои парвариши сабзавот дар ҳамаи фаслҳои сол, коркарди тухмиҳои ҳосилнокиашон баланд ва ба хушкӣ тобовар, ворид намудани техника ва таҷҳизоти муосирро мавриди муҳокима қарор доданд. Зимни ҷаласа ҳамчунин протоколи комиссияи ҷаласаи 2-юми ҳамкориҳои Тоҷикистон Чин оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расонида шуд. Ҳайати чинӣ имрӯз аз Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад», ширкати чинии Ди Фун ва дастовардҳои кишоварзии шаҳри Ваҳдат боздид ба амал меорад.

Май 14, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад