Омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони оянда
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Ҳукумати ҶТ», бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва босуботи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ва ҳамоҳангсозии корҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015, Ҳукумати ҶТ аз 3 майи соли ҷорӣ Қарори «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»-ро тасдиқ намуд.
Ба вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки то санаи 15-уми ҳар моҳ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешбининамудаи банди 1 қарори мазкур маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Барои ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 бояд Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 таъсис дода шавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдоро зарур аст, ки то 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ба баррасии Ситоди ҷумҳуриявӣ манзур намояд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мониторинги иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар маҳалҳо ба роҳ монад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири ҶТ-сарпарасти соҳа вогузор шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






