Омодагии дастаи мунтахаби духтарони наврас ба мусобиқоти Осиё
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар). – Дастаи мунтахаби духтарони навраси Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов ба даври интихобии мусобиқоти Осиё — 2015, ки аз 6 то 12 октябр дар Бангладеш баргузор мешавад, тайёрӣ мебинад.Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, имрӯзҳо футболбозони тоҷик дар ҳошияи омодагӣ ба мусобиқоти Осиё дар шаҳри Норак машқ мекунанд. Сармураббии даста барои иштирок дар мусобиқот 26 нафар бозингаронро даъват намудааст.Хотирнишон месозем, ки даври интихобии мусобиқоти Осиё – 2015 аз 6 то 12 октябр баргузор гардида, ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Ҷанубию Марказӣ дастаҳои Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Қирғизистон, Шри- Ланка, Ӯзбекистон ба шумор мераванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






