Пешниҳоди Президент ба Парлумон
Душанбе, 12.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Ализода Зариф ризоият диҳад.
Масъалаи мазкур 12 май дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, матраҳ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», Дар бораи Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушдро баррасӣ намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






