Пирӯзии донишҷӯёни тоҷик дар озмуни муҳандисон
Анқара, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фарангиз Раҳимова). – Дастаи донишҷӯёни тоҷики муҳассили Туркия дар мусобиқаи ҳарсолаи байни муҳандисони беҳтарини Туркия мақоми аввалро касб намуданд.
Дастаи «Суғдиён» иборат аз донишҷӯёни тоҷики ихтисоси гуногуни Донишгоҳи техникии Шарқи Наздики Туркия Азиз Маҳмудов, Ҳилолиддин Ҷалолиддинзода, Саъдӣ Сафаралиев ва Муҳаммад Амиршоев буд.
Озмуни мазкур ҳар сол байни донишкадаҳои беҳтарини олии ҷаҳон баргузор гардида, барои иштирок дар он донишҷӯён — муҳандисони беҳтарин интихоб мегарданд. Дар ҳошияи озмун ба иштирокдорони он аз рӯи лоиҳаи муҳандисӣ супориш дода мешавад, ки онҳо бояд дар давоми ду рӯз механизмҳои гуногунро насб намоянд.
Мувофиқи суханони иштироккунандаи озмун, донишҷӯи факултаи муҳандисии электроника Ҳилолиддин Ҷалолиддинзода, дастаи донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқоти интихобӣ байни 15 дастаи донишкадаҳои олии Туркия мақоми аввалро касб намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






