Поси хотири абармардони шуҷоъ
Хуҷанд, 8.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Субҳи имрӯз дар маркази Суғд -шаҳри Хуҷанд назди ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими поси хотир доир гашт.
Дар чорабинии мазкур бахшида ба 69-умин солгарди ғалабаи халқи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизм, роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни ҷангҳои байналмилалӣ ва сокинони маркази вилоят иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи шуҷоатмандони ватан ба пояи ёдгории шаҳидони ҶБВ гулчанбар гузошта, хотираи неки фарзандони диёрро, ки баҳри озод намудани инсоният аз фашизми гитлерӣ қурбон гаштаанд, пос доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






