Рӯзҳои ҳамкории тиҷоратии Душанбе — Минск
Душанбе, 14.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – Дар ҳошияи Рӯзҳои ҳамкории т иҷоратии Душанбе – Минск 13 май дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии иқтидорҳои саноатии Беларус ва мулоқоти аҳли тиҷорати Тоҷикистону Беларус баргузор гардид. Дар ин маросим муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев, Сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук, раиси «Тоҷиксодиротбонк», намояндаи бахши тоҷикистонии Шӯрои тиҷоратии Беларус ва Тоҷикистон Тоҷиддин Пирзода, ҳамчунин роҳбарони корхонаҳои саноатии Беларус бо роҳбарии муовини директори генералии оид ба равобити иқтисодии хориҷии шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Беларус, воқеъ дар шаҳри Минск Татяна Дубовой ширкат доштанд.Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус дар бахшҳои тандурустӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, кишоварзӣ ва илму маориф босуръат рушду густариш меёбанд. Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Беларус равобити дӯстона барқарор шудааст. Дар анҷоми мулоқот маросими муаррифии маҳсулоти як зумра корхонаҳои саноатии Беларус, аз қабили Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи мошинсозии Мозир», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гомселмаш», Корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «КСАНТ», Корхонаи муштараки «Фабрикаи мебели Ружанск», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фабрикаи кулоҳҳои «Людмила» баргузор гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






