Рӯзҳои дарҳои кушодаи Лаҳистон дар Хатлон
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Сафорати Лаҳистон дар ҶТ охири хафтаи гузашта дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон рӯзҳои дарҳои кушодаи Лаҳистон баргузор гардиданд. Мақсад аз ин чорабинӣ аз имконоти иқтисодию сармоягузории Лаҳистон муфассал воқиф намудани соҳибкорон ва роҳандозии равобит бо ПСС вилояти Хатлон буд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарони бонкҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон дар ҷараёни муколамаи судманд бо роҳбари шуъбаи мусоидат бо тиҷорат ва сармоягузории Сафорати Лаҳистон Славомир Стшалковски масоили мушаххасро ҷиҳати барқарор намудани ҳамкории дуҷониба муҳокима намуданд.
Соҳаи бонкӣ, сохтмон, саноати нассоҷӣ, ҳамчунин бунёди корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Лаҳистон аз ҷумлаи самтҳои имконпазири ҳамкории муфиди дуҷониба дониста шуданд.
«Имрӯз дар Тоҷикистон барои сармоягузории хориҷӣ шароити мусоиду имтиёзнок фароҳам оварда, вақти он расидааст, ки бахши инфиродии Лаҳистон ин имкониятро барои рушди ҳамкории минбаъдаи Лаҳистону Тоҷикистон пурра истифода намояд», — зикр намуд зимни суханрониаш муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев.
Қобили зикр аст, ки барои ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва рушди корхонаҳои саноатии кишвар дар вилояти Хатлон минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» фаъолият доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






