Садамаҳои нақлиётӣ дар Рӯзи Ғалаба

Май 13, 2014 11:24

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас  Темурзода). – 9 май  дар  кишвар   ду  садамаи  нақлиётӣ  рух  дод. 
Назар  ба  хабари  ВКД  ҶТ,  ронандаи  автомобили тамғаи  «Musso»,  сокини  35 – солаи   шаҳри  Истаравшан Иброҳим  Аҳроров  дар  роҳи  мошингарди Душанбе —  Хуҷанд – Чаноқ  бехатарии  ҳаракат дар  роҳро  таъмин  карда  натавонист  ва  мошини  номбурда чаппа  шуд. 
Ронандаи  зикршуда ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта  дар  маҳалли  воқеа ҳалок гардида,  мусофирони он  Дӯстмуроди  7 — сола  ва Дилмуроди  5 —  сола ҷароҳатҳои  вазнин  бардошта, дар  беморхона  бистарӣ  шуданд.
Худи  ҳамон  рӯз ронандаи  мошини «ВАЗ – 2107»,  Холмурод  Хидирови  48 – сола —  сокини  ноҳияи  Ҷилликӯл дар  ҳолати  мастӣ  дар  роҳи  мошингарди Қӯрғонтеппа —  Қубодиён аз  ӯҳдаи  идораи  нақлиёт  набаромада, мошинаш  ба тавораи  бетонӣ  бархӯрд. Бар  асари  ин  ҳодиса ронанда ҷароҳатҳои  сахт  бардошта,  дар  маҳалли  воқеа ҳалок  гардид. 

Май 13, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд