Семинари муҳосибӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-8-уми май дар шаҳри Кӯлоб семинар оид ба омӯзиши нақшаи ягонаи ҳисоб бо стандартҳои байналминалӣ аз ҷониби лоиҳаи ислоҳоти ба ҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатии ҶТ доир гардид, ки дар он кулли сармуҳосибони ташкилоту муассисаҳои минтақаи Кӯлоб ширкат варзиданд. Ба қавли тренери соҳаи муҳосибӣ Абутолиб Юлдошов, мақсад аз баргузории семинар интиқоли бақияи тавозун аз ҳисоби куҳна табдил додан ба нақшаи нави ягонаи ҳисоб, шинос намудани муҳосибон бо нақшаҳои нав ва истифодаи онҳо дар амалиёти муҳосибӣ буд. Дар семинар 185 нафар муҳосибон ширкат варзида, мавзуъро баррасӣ карданд.
Дар назар аст аз 12-уми майи соли ҷорӣ чунин семинарҳо дар ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Данғара ва Восеъ низ гузаронида шаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






