Шароити хидмати муҳофизони Ватан беҳ мешавад
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода). – Вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ёвари Президенти ҶТ оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев ба манзури шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ чанде пеш аз қисми ҳарбии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дидор намуданд. Дар ин бора ВКД ҶТ хабар медиҳад.
Номбурдагон бо бунгоҳи назоратию гузаргоҳии қисми ҳарбӣ, хонаи вохӯрии сарбозон бо волидайн, ошхонаи афсарон, толори варзиш ва иншоотҳои дигаре, ки сохтмонашон идома дорад, шинос шуданд.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шахсони масъул ҷиҳати ободонӣ ва кабудизор намудани ҳудуди қисми ҳарбӣ ва рафъи нуқсонҳои мавҷуда дастурҳои мушаххас дод.
Супориш дода шуд, ки барои афсарон ва кормандони дигари сокини қисми ҳарбӣ бинои истиқоматии дорои ҳамаи шароити зарурӣ мавриди истифода қарор дода шавад.
Қобили зикр аст, ки ВКД ҶТ ба беҳдошти шароити хидмати афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ ҳамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






