Шиносоии журналистон бо татбиқи лоиҳаи БРО

Май 13, 2014 11:23

Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар, Екатерина  Пасторова). – 25  май журналистон  ба маҳалли  татбиқи  лоиҳаи  Бонки рушди  Осиё  оид ба навсозии роҳи  Душанбе – сарҳади  Ӯзбекистон  сафар  мекунанд. 
Хотирнишон  месозем, ки ҳанӯз  моҳи  январи  соли  2011  Бонки  рушди  Осиё  ва  Ҳукумати  Тоҷикистон ҳуҷҷати қарзи бебозгашт  дар  ҳаҷми 120  миллион  доллари  ИМА – ро  барои мусоидат  ба  Тоҷикистон  ҷиҳати  навсозии  роҳе, ки  шаҳри  Душанберо  бо  сарҳади Ӯзбекистон пайваст  менамояд, имзо  карда буданд.
Роҳи  зикршуда  ҷузви  Роҳрави № — 3  дар  ҳошияи  барномаи  Ҳамкории  минтақавии   иқтисодии  Осиёи  Марказӣ  ба  шумор  рафта, дар  масофаи 7  ҳазор  километр  аз Федератсияи  Русия  дар  Шимол то Халиҷи  Форс  дар  Ҷануб  тӯл  мекашад.
«Сармоягузорӣ,  ҷойҳои  корӣ,  тиҷорат, рушди  иқтисодиёт  ва  коҳиш додани  камбизоатӣ  дар  Тоҷикистон  вобаста ба роҳи  зикршуда  аст», —  қайд  намуд намояндаи  доимии Бонки рушди  Осиё дар  Тоҷикистон Ҷорҷ Токеши.

Май 13, 2014 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад