Ширкати русиягӣ ба кор даъват мекунад
Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дархости ширкати ҶДФМ“Дубовское хлебоприемное предприятие”- и шаҳри Дубовкаи вилояти Волгоградри Федератсияи Русияро ҷиҳати ишғол намудани 15 ҷойи холии корӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод намудааст.
Тибқи ин иттилоъ, ширкат ба муҳоҷирони меҳнатӣ таҳияи саривақтии ҳуҷҷатҳои лозимӣ, пешниҳоди ҷойи хоб, таъмин намудан бо хӯроки гарм ва пардохти музди меҳнатро ваколат додааст.
Ҳамаи хоҳишмандон барои дарёфти ҷойи кор ва барои бастани шартнома метавонанд ба сармутахассиси Намояндагии ба минтақа сафарбаршуда Нусрат Исматов аз тариқи телефони +7918 2610301 муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






