«Соли 2014 — соли роҳҳои обод»

Май 15, 2014 11:24

Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дирӯз мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Мастура Авезоваи  деҳаи Унҷии  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  иштирок кард. Дарозии умумии роҳи ин кӯча 8,7 — километрро ташкил дода, аз он 2,2 километраш мавриди таҷдид қарор мегирад. Он аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамчунин қисман саҳмгузории соҳибкорони ҳамин ҷамоат қирпӯш мешавад. Ҳамаи ин тадбир дар доираи эълон гаштани «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» роҳандозӣ гардида, дар асоси дастуру супориши Президенти мамлакат рӯи кор омадааст.
Дар давоми соли равон дар қаламрави вилоят 2350 км роҳ аз таъмир бароварда хоҳад шуд, ки аз ин 238 километраш пурра мумфарш мегардад.

Май 15, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш