Суғд: мулоқот бо довталабон
Душанбе, 12.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Ҳайати кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидайни онҳо ва фаҳмондани мақсад, моҳияти фаъолияти маркази миллии тести, тарғиботи супоридани интиҳонҳои давлатӣ ба таври тестӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Чкалов, Қайроққум, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар ин дидору мулоқотҳои судманд бо ҷавонони синфҳои болоӣ, падару модарони онҳо, омўзгорон, имомхатибон ва намояндагони занону собиқадорони меҳнат иштирок дошта, ҷавонон ва хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро дар мавриди супоридани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои давлатӣ аз тариқи тестӣ огоҳ намуд.
Ҳамзамон дар мулоқотҳо дар бораи тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дастовардҳои онҳо дар тӯли 21-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби духтарон ба донишгоҳу донишкадаҳо маълумотҳои мушаххас дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, бештар аз қайд гузаранд ва бо хоҳиши худ касби дӯстдоштаашонро интихоб намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






